
Ibudo Salihov-Tajikistan-Vol. 3-ҶАҲОНЕ ДАР ЧАҲОР САТР
ИБОДУЛЛОҲИ СОЛЕҲ (Солиҳов Ибодулло Саъдуллоевич) 5 - уми январи соли 1962 дар деҳаи Лоҳутии ноҳияи Ховалинг дар оилаи зиёӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Дар муассисаи таҳсилоти ҳамагонии ҳамин деҳа солҳои 1969-1979 таҳсил намудааст. Солҳои 1981 - 1983 дар сафи Қувваҳои Мусалаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хизмат кардааст. Соли 1983 ба Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1988 бо ихтисоси зоомуҳандис хатм кардааст. Баъди хатми донишгоҳ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар вазифаҳои гуногун кор кардааст. Айни замон ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошад. Ба эҷод намудани шеър завқи беандоза ва маҳорати баланди табиӣ дошта бо тахаллусҳои “Ҳоҷӣ” ва “Солеҳ” шеър мегӯяд. Шоир дар баробари мавзӯъҳои меҳанпарастонаю хештаншиносона ишқи поки зиндагиро ба риштаи назм кашидааст. Ӯ таносуби сухан ва истифодаи санъатҳои бадеиро дар шеърҳояш моҳирона истифода бурда, доимо дар ҷустуҷӯи тасвиру образҳои тозаи баланди бадеӣ аст. Дар офаридаҳояш шебу фарози зиндагиро бо ишқу муҳаббати беандоза ба риш